Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳоди василаи нави кӯмак ба бонкҳои Тоҷикистон


Дар идомаи талошҳо барои ба эътидол овардани вазъи молии бонкҳо дар Тоҷикистон, Бонки миллӣ аз моҳи оянда музоядаҳои қарзиро оғоз мекунад. Дар баёнияи расмие, ки бонк рӯзи 28-уми феврал нашр кард, омадааст, “музоядаҳои қарзӣ аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта бо мӯҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд.”

Ба гуфтаи Бонки миллӣ, ҳадаф аз пеш гирифтани василаи нави кӯмак ба бонкҳо, “таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва танзими бозори байнибонкии қарзӣ аст.

Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоиз барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ду фоизӣ муқаррар шудааст. Василаи нави Бонки миллӣ зоҳиран барои кӯмак ба бонкҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст, ки вақтҳои ахир сарчашмаҳои даромадашон ва бахусус захираҳои асъори хориҷиашон кам шудааст. Муштариён ҳоло ҳам шикоят мекунанд, ки аз банкоматҳо пул ба осонӣ гирифта наметавонанд.

Охири соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, барои наҷоти чаҳор бонки бузурги кишвар тақрибан 500 миллион доллар кӯмак кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG