Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми худ дар нисбати вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёровро бетағйир гузошт. Зарина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров аз қавли вакили дифои ӯ гуфт, ки додгоҳ рӯзи 28 феврал шикояти кассатсионии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро дар Боздоштгоҳи муваққатӣ баррасӣ кард. Наздикони Бузургмеҳр аз қавли вакили дифои ӯ Наврӯзшоҳ Назаров гуфтанд, ки дар ин мурофиа айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода пешниҳод кардааст, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати маҳкумшудаҳо бетағйир боқӣ бимонад. Ҳамсари Бузургмеҳр Ёров гуфт, аз ҳукми додгоҳ норозӣ ҳастанд ва аз болои он ба додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳанд бурд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6 октябри соли гузашта вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Ӯ дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, мисли Ҳюман Райтс Вотч ва Афви Байнулмилал, инқарори додгоҳро маҳкум карда ва ба баррасии мунсифонаи қазияҳои, ба гуфтаашон, дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват намуданд. Худи Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳам мегӯянд, ки ҳукми ӯ посух ба ташаббуси таъсиси кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ буда, дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳизби наҳзати исломӣ баъди ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода сентябри соли 2015 мамнӯъ ва 13 узви раёсаташ ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.