Пайвандҳои дастрасӣ

Путин ва Раҳмон барои таъмини амнияти марз бо Афғонистон якҷо талош мекунанд


Тоҷикистон - Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе. 27 феврали соли 2017.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба созиш расиданд, ки барои тақвияти амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон якҷо талош мекунанд.

Путин, ки рӯзи 27 феврал аз Қазоқистон ба Тоҷикистон омад, баъди мулоқот бо президент Раҳмон ба хабарнигорон гуфт, ки "Тоҷикистон барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари калидӣ аст."

Ба гуфтаи Путин, ӯ ва Раҳмон қарор карданд, ки бо истифода аз пойгоҳи Русия, мустақар дар Тоҷикистон "талошҳои муштаракро барои ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон анҷом медиҳанд."

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои Русия, мустақар дар Тоҷикистон амнияти ҳарду кишвар ва марзҳои ҷанубии Русияро таъмин мекунанд.

Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳудудан 7 ҳазор сарбоз дорад.

Сафари дурӯзаи Путин ба Осиёи Марказӣ, рӯзи 27 феврал аз Қазоқистон ва Тоҷикистон шурӯъ шуд ва рӯзи 28 феврал дар Бишкек ба поён мерасад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG