Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди номзадии Рустами Эмомалӣ ба Маҷлиси вакилони пойтахт


Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе аз сӯи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзад ба вакили маҷлиси вакилони пойтахт пешниҳод шудааст. Хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ навиштаааст, ки дар ҳавзаи 25-и шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо намояндагони Ҳизбҳои аграрӣ ва демократ Фазлиддин Икромов ва Ҳикматулло Саидиён рақобат мекунад.

Ҳизби ҳоким ҳамзамон дар ҳавзаи шумораи 62 номзадии Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини раиси шаҳри Душанберо пешниҳод кардааст. Ин муовини раиси шаҳри Душанбе бо намояндаи Ҳизби аграрӣ Маъсума Алиева рақобат мекунад. Рустами Эмомалӣ баъди баранда шудан дар ин интихобот метавонанд раиси комилҳуқуқи шаҳри Душанбе шавад.

Аз ҳавзаҳои рақами 25 ва 62 Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳри Душанбе ва Фирӯз Улмасов, раҳбари пешини дастгоҳи шаҳдории пойтахт вакил буданд ва Маҷлиси вакилони пойтахт рӯзи 7 феврал ваколати онҳоро қабл аз мӯҳлат қатъ кард. Интихоботи вакилони нави Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 2 апрел доир мешавад.

Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 январ бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом шаҳрдори бособиқа Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард.

XS
SM
MD
LG