Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабона дар ғарби Сурия даҳҳо нафарро кушт


Ҳамла ба нерӯҳои амниятии Сурия дар Ҳумс даҳҳо кушта ба ҷо гузоштааст. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ки шаш маргталаб рӯзи 25 феврал худро дар назди ситоди хадамоти амният тарконда, дастикам 42 кушта ба ҷо гузоштанд.

Ин манбаъ мегӯяд, дар миёни ҳалокшудаҳо афсарони баландпоя низ ҳастанд. Волии Ҳумс ҳамларо тасдиқ карда ва аммо шумори кушташудаҳоро беш аз бист нафар гуфтааст. Телевизиони давлатии Сурия гуфт, дар пайи ин ҳамла 32 нафар ҷон бохтанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи собиқ "Ҷабҳат ан-Нусра" ва ҳоло "Фатҳи Шом" бар дӯш гирифааст. Рӯзи гузашта низ дар натиҷаи таркиши як мошини бомбгузоришуда дар Сурия даҳҳо нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG