Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷияни ҳамсари Каримов: "Дар Узбакистон маро марг интизор аст" ВИДЕО


Акбар Абдуллев дар додгоҳи Киев

Додгоҳе дар шаҳри Киеви Украина мӯҳлати ҳабси Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини Узбакистон Ислом Каримовро то як сол дароз кард. Ӯ рӯзи 14 январи соли равон дар фурудгоҳи Киев боздошт ва бо қарори додгоҳ то ба 22 феврал ба ҳабс гирифта шуд.

20 феврал Абдуллоев аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбаси Хадамоти амнияти миллии Украина интиқол ёфт.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Мақомоти Тошканд аз Киев дархост карданд, ки Абдуллоевро ба ватан истирдод кунад. Додситони кулли Узбакистон ӯро ба рабудани миллионҳо доллар, пинҳон доштани даромад, пулшӯӣ ва тақаллуб айбдор мекунад.

Тамдиди мӯҳлати ҳабси Абудллоевро додситонии Киев дархост кард. Додситон Марина Ким гуфт, вазъи саломати Абдуллоев барои дар ҳабс мондани ӯ ё истирдодаш ба ватан монеъ нахоҳад шуд. Вай афзуд, ки додситонии Киев кафолат намедиҳад, Абдуллоев бо шиносномаи Ҷумҳурии Доминикан дар сурати раҳоияш аз боздошт Украинаро тарк нахоҳад кард.

Абдуллоев аз додрас хост, ки ба ин парванда "назари фарохтар" дошта бошад, зеро дар сурати истирдодаш ба ватан ӯро марг интизор аст. "Агар маро ба Узбакистон фиристанд, кушта хоҳам шуд. Онҳо аввал маро шиканҷа мекунанд ва баъд мекушанд. Ман ин шиканҷаҳоро аллакай дидаам", -- афзуд вай.

Ҷияни ҳамсари президенти пешини Узбакистон изҳор дошт, ки ба дарёфти ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ талош хоҳад кард ва ҳабсаш ин имконро аз ӯ хоҳад гирифт. "Бинобар ин аз додрас мехоҳам, маро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кунад", - гуфт вай.

Додрас Наталя Василева дархости вакили дифои Акбаралӣ Абдуллоевро, ки гуфт зерҳимояаш барои ин айбҳо дар Узбакистон аллакай муҷозот шудааст ва ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кунад, ба назар нагирифт.

Ҳамчунин, далелҳои вакили дифоъ дар бораи онки агар Абдуллоев ба Узбакистон истирдод шавад, ӯро марг интизор аст, ба эътибор гирифта нашуданд. Додрас додситонро вазифадор кард, ки ҳар ду моҳ дар бораи раванди истирдод ба ӯ ҳисобот диҳад. Қарори додгоҳ аллакай ба иҷро даромад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG