Пайвандҳои дастрасӣ

Тақдими шаҳрвандии Узбакистон ба 15 зодаи Тоҷикистон


Қарори навбатии президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар бораи тақдими шаҳрвандӣ 94 нафарро дар бар мегирад. Дар миёни онҳо 15 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон ҳам соҳиби шиноснома ва шаҳрванди ин ҷумҳурӣ шуданд. Онҳо сокини вилоятҳои Тошканд, Фарғона, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхондарё мебошанд. Дар қароре, ки рӯзи 22 феврал имзо шудааст, "қонунмандӣ, башардӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ" ҳамчун принсипи аслии қабули чунин тасмим шарҳ дода шудааст.

Дар нахустин қарораш Мирзиёев охири моҳи декабр, ки ҳанӯз аз мӯҳлати раёсати ҷумҳурии расмиаш як моҳи пурра нагузашта буд, ба 179 нафар, аз ин миён ба 9 шаҳрванди собиқи Тоҷикистон ҳам шаҳрвандӣ тақдим карда буд.

Ҳамаи ин афрод давоми 20-25 соли гузашта бо як амри нонавиштаи ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, наметавонистанд шаҳрвандии ин кишварро ба даст оранд. Бо ҳисобҳои тахминии Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2005, шумори ингуна сокинони Узбакистон аз 40 ҳазор нафар бештар будааст. Вале ҳукумати Узбакистон ба ҷомеа ва матбуот ҳеҷ гоҳ сабаби аслии манъи додани ҳаққи шаҳрвандиро шарҳ надодаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG