Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии хабарнигори Радиои Озодӣ аз боздошт дар Туркманистон


Худойбердӣ Аллашов
Худойбердӣ Аллашов

Худойбердӣ Аллашов – хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо модараш Қурбонтоҷ Оразмедова баъди дувуним моҳ аз боздошт раҳо шудаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, раҳоии ин ду нафар рӯзи 15 феврали имсол сурат гирифтааст. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки бо худи хабарнигор сӯҳбат кунад, аммо манобеи огоҳ гуфтанд, журналисту модараш шартан аз озодӣ маҳрум шудаанд. «Худойбердӣ ва модараш барои нигоҳдории нос се соли шартӣ гирифта ва аз толори додгоҳ озод шуданд. Ҳоло онҳо дар хонаашон дар Куняурганҷ қарор доранд», - гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ. Аллашови 27-сола моҳи декабри соли гузашта дар ҳудуди минтақаи шимолии Тошҳаузи Туркманистон боздошт шуд ва ҳамроҳи модараш барои нигаҳдории 11 кило нос муттаҳам гардиданд. Нос аз рӯи қонунҳои Туркманистон маводи мамнӯъ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG