Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта шуданд


Дар натиҷаи таркиши минаи фугас дар Сурия чаҳор мушовири ҳарбии Русия кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз изҳороти Вазорати дифои Русия иттилоъ додааст.

Ба огаҳии вазорат, қатори техникаи ҳарбии Сурия аз наздикии фурудгоҳи Тиёс ба самти Ҳумс ҳаракат мекард ва дар зери мошине, ки мушовирони Русия савори он буданд, бомбаи ба воситаи радио идорашаванда мунфаҷир гашт.

Амалиёти ҳарбии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2015 сар шудааст. Аз он вақт то ҳоло Вазорати дифои Русия ҳалокати 30 низомиро тасдиқ кард. Ҳамзамон Москва борҳо изҳор доштааст, ки ҳарбиёнаш дар амалиёти заминӣ ширкат намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG