Пайвандҳои дастрасӣ

Парвози бесарнишинҳо дар фазои Теҳрон мамнӯъ шуд


Эрон -- Акси ҳавопаймои бесарнишин дар сомонаи FarsNews, ки Эрон бо нусхабардорӣ аз бесарнишини ИМА сохтааст.

Мақомоти Теҳрон парвози ҳавопаймоҳои бесарнишинро дар фазои пойтахт мамнӯъ карданд. Қарори манъ баъди ду ҳодисаи ахир гирифта шуд, ки нерӯҳои амниятӣ ба сӯи ҳавопаймоҳои бесарнишин оташ кушоданд.

Хабаргузории Тасним рӯзи 20 феврал навишт, ки бар пояи амри ситоди умумии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон қарори манъ билофосила амалӣ мешавад.

Дар натиаҷи ин қарор, акнун ҳавопаймоҳои бесарнишин танҳо бо иҷозаи як ё ду вазорати кишвар ё Садову Симои Эрон дар фазои Теҳрон парвоз мекунанд.

Моҳи декабри соли 2016, нурӯҳои амниятӣ бесарнишини телевизиони давлатии Эронро, бино ба гуфтаи онҳо парвоз дар фосилаи наздик аз дафтари раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ ва раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хуманеӣ, сарнагун карданд.

Моҳи январ, хадамоти амният ба сӯи як бесарнишини дигар, бинобар нақзи минтақаи амниятӣ, оташ кушод. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса бесарнишин зарар надид ва беозор ба замин нишаст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG