Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор мушовири низомии Русия дар Сурия кушта шуд


Сурия - Сарбозони Русия ва Сурия ҳангоми маъракаи хуруҷи нерӯҳои Русия аз пойгоҳи Ҳмеймим, дар назди ҳавопаймоҳои ҷангӣ саф кашидаанд. 15 марти соли 2016.

Дар натиҷаи таркиши минаи заминӣ ё фугас, 16 феврал дар Сурия чаҳор мушовири низомии Русия кушта ва ду нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар ин бора "Интерфакс" бо такя ба изҳороти Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.

Дар ин ниҳод гуфтаанд, ки корвони низомии Сурия аз шаҳри Тияс ба самти Ҳомс ҳаракт мекард. Дар зери мошине, ки дар он низомиёни рус буданд, дастгоҳи идорашавандаи инфиҷор ба кор даромад.

Маъракаи низомии Русия дар Сурия 30 сентябри соли 2016 оғоз шуд. Дар ин муддат Вазорати дифоъ марги 30 низомиро тасдиқ кард Ҳамзамон Маскав борҳо изҳор дошт, ки низомиёни рус дар амалиётҳои заминӣ иштирок намекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG