Пайвандҳои дастрасӣ

Садамаи маргбори дипломати рус дар Бишкек таҳқиқ мешавад


Садамаи нақлиётӣ дар Бишкек.

Сафорати Русия дар Қирғизистон мегӯяд, садамаи нақлиётӣ бо иштироки кормандашро, ки дар натиҷаи он як нафар ба ҳалокат расидааст, таҳқиқ хоҳад кард.

"Дар робита ба садамаи нақлиётӣ бо иштироки котиби аввали сафорат Виктор Пухов тафтиши дохилии хидматӣ оғоз шудааст. Тамоми паҳлуҳои садама, аз ҷумла ҳолати ҷисмонии корманди сафорат ҳини рух додани ҳодиса санҷида хоҳад шуд", - гуфтааст сухангӯи сафорат Даря Пахомова дар суҳбат бо хабаргузории "Интерфакс".

Ба гуфтаи ӯ, сафорат омодааст, ба хонаводаи ронандае, ки дар натиҷаи ин садама ҷон додааст, кумаки моддӣ расонад.

16 феврали соли равон дар роҳи фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек садамаи нақлиётӣ рух дод. Дар натиҷа, ронандаи 62-солаи мошини боркаши "Мерседес", ки шаҳрванди Қирғизистон аст, аз ноҳияи сар сахт захмӣ шуда, баъди интиқол ёфтан ба беморхона ҷон дод. Ронандаи мошини "Тойота-Прадо" Виктор Пухов бистарӣ шудааст.

Таҳқиқ ин қазия оғоз ва ташхиси техникӣ таъйин шудааст. Шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки мошини сафорати Русия дар Бишкек чароғакро дар ҳолати сурх будани он убур карда, ба мошини боркаши "Мерседес" бархӯрдааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG