Як мақоми Русия гуфт, ки Маскав аз изҳороти Майк Пенс – муовини раиси ҷумҳури Амрико – ноумед шудааст. Константин Косачев, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсиюни Русия гуфт, Вашингтон бояд мушаххас кунад, ки чӣ гуна метавонад равобит бо Русияро беҳбуд бахшад. Ӯ, ки рӯзи 18 феврал дар ҳамоиши байналмилалии амниятӣ дар Мюнхени Олмон суханронӣ мекард, гуфт, “ин ноумедкунанда аст, ки Майк Пенс мегӯяд, Русия ба танҳоӣ масъулияти татбиқи созишномаи оташбаси Минскро дорад”. Ба қавли Косачев, изҳороти Майк Пенс ба Украина иҷоза медиҳад, ки мувофиқатномаи Минскро риоя накунад. Муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбе дар суханронии худ дар ҳамин ҳамоиш гуфт, Русия бояд созишномаи оташбаси Минскро, ки соли 2015 имзо шуда буд, риоя кунад.