Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пентагон: Раҳбарони ДИ аз Раққа фирор мекунанд. ВИДЕО


Пентагон ё Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки раҳбарони гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» (ДИ) дар ҳоли фирор аз шаҳри Раққаи Сурия, пойгоҳи асосии ҷангҷӯён, ҳастанд. Онҳо дар ҳоле фирор мекунанд, ки нерӯҳои курд ва араби таҳти ҳимояти Амрико ҳамлаҳо ба ин шаҳрро афзоиш додаанд. Ҷеф Девис, сухангӯи Пентагон, рӯзи 17 феврал гуфт, “мо шоҳид ҳастем, ки то ҳол бисёре аз раҳбарони аршади гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва шумори зиёде аз афроди онон раванди тарки Раққаро оғоз карданд.” Ӯ афзуд, шумори номушаххаси аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба сӯи шарқ дар имтидоди дарёи Фурот ба самти Дейруззор ҳаракат карданд. Фармондеҳии марказии Амрико гуфт, нерӯҳои эътилоф рӯзи 16 феврали имсол 17 ҳамлаи ҳавоиро дар наздикии Раққа роҳандозӣ карда буданд.

Бомбаборони пойгоҳҳои гурӯҳи даҳшатафкани "давлати исломӣ" дар Раққаи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:23 0:00

XS
SM
MD
LG