Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯктош ба Кабудсанг ва Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон табдили ном кард


Бо як дархости ҳукумати Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд исми 15 деҳа дар ҳудуди ин минтақа мутобиқ ба меъёрҳои забони давлатии кишвар тағйир дода шуд. Ин деҳаҳо дар ҳудуди шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияҳои Ашту Спитамени вилояти Суғд ҷойгиранд. Ҳамин тавр, номи деҳаҳои Муғулони поён ба Сафобахш, Қизилҷар ба Зарринрӯд, Камартош ба Камардашт, Ҷомбулоқ ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба Кабудсанг, Қичиқ Шӯрнова ба Шӯроноваи хурд табдил дода шуд. Дар шаҳри Конибодом ду деҳа - деҳаи Шаҳидқароянтоқ ба деҳаи Диловарон ва деҳаи Яккатерак ба деҳаи Сафедорак табдили ном карданд. Дар ноҳияи Ашт деҳаи Қӯрғонча ба Қалъача ва Қамишқӯрғон ба Хуҷистон иваз карда шуданд. Дар ноҳияи Спитамен номи чор деҳа - деҳаи Оқтеппа ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон ба деҳаи Сариосиё табдил дода шуданд. Дар ин бора оҷосии «Ховар» хабар додааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG