Тақрибан 100 хонавода дар шаҳри Хоруғ – маркази вилояти Бадахшон – ба ҷойҳои амн кӯч дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, дар пайи андаке гарм шудани ҳаво ва боридани борон хатари фаромадани тарма бештар шуда, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 200 манзили сокинон дар маркази Бадахшон таҳти хатар аст. То кунун аз боронгарии зиёд дар Хоруғ боми наздик ба 25 хона фурӯ рехтааст. Умед Тӯтишоев, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода дар Хоруғ, ба расонаҳои давлатӣ гуфтааст, ки хонаводаҳо дар мактабу марказҳои фарҳангӣ ва манзили наздиконашон ҷо карда шуданд. Ситоди ҳолатҳои фавқулода бо нашри як муроҷиатнмоа аз сокинони Бадахшон хостааст, ки дар се рӯзи оянда аз сафар ба Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар худдорӣ кунанд, чун "бо гарм шудани ҳаво тармафароӣ шиддат мегирад". Дар як моҳи охир дар натиҷаи фаромадани тарма дар роҳҳои кишвар, аз ҷумла Бадахшон, 13 нафар ҷон бохтанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар панҷ соли охир офатҳои табиӣ ба буҷаи кишвар 600 миллион доллар хисорот расонда ва ҷони беш аз 120 нафарро рабудааст.