Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи "Давлати исломӣ" дар Покистон 80 кушта ба ҷой гузошт


Покистон - Марде, ки бар асари ҳамлаи ДИИШ ба зиёратгоҳи суфиён заҳмӣ шудааст,ҳангоми сӯҳбати телефонӣ дар бемористон.
Покистон - Марде, ки бар асари ҳамлаи ДИИШ ба зиёратгоҳи суфиён заҳмӣ шудааст,ҳангоми сӯҳбати телефонӣ дар бемористон.

Таркише дар мақбараи Лаъл Шаҳбоз Қаландар, дар ҷануби Покистон ҷони 80 одамро рабуда, беш аз 150 тани дигарро захмӣ кард.

Мақомоти Покистон мегӯянд, эҳтимол аст, шумори қурбониёни ҳамла афзоиш ёбад. Ба гуфтаи пулис, дар ин зиёратгоҳи суфиёни шаҳри Сехван-Шариф маргталабе миёни одамон худро таркондааст.

Масъулияти ҳамларо шохаи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Покистон ба зимма гирифт.

Ба баҳои расонаҳо, ҳодисаи мазкур яке аз хунинтарин ҳамлаҳои чанд соли ахир дар Покистон аст. Тундравони исломӣ суфиёнро аз дин хориҷшуда медонанд.

XS
SM
MD
LG