Пайвандҳои дастрасӣ

Ба камбизоатҳои Ӯзбекистон чӯҷаи бепул медиҳанд


Чӯҷаҳои хайриявӣ дар Узбакистон

Ҳукумати ноҳияи Зафарободи вилояти Ҷиззах ба ҳар хонаводаи камбизоат ба таври ройгон 20 чӯҷа медиҳад, то онҳо ба мурғпарварӣ ҳавасманд шаванд ва рӯзгори худро таъмин кунанд.

Намояндаи ҳокимияти ноҳияи Зафаробод Қодир Ризоев мегӯяд, дар ин ноҳия 257 хонаводаи камбизоат зиндагӣ мекунад ва ба онҳо аз ҳисоби мададрасонҳо ва фабрикаи мурғи «Сангзор-Парранда»-и ноҳияи Ғаллаарал 20-тоӣ чӯҷа дода мешавад.

Ба гуфтаи Ризоев, ин ташаббуси ҳокимияти ноҳия посух ба даъвати раисиҷумҳур Шавкат Миризиёев аст, ки ҳангоми сафараш дар Қароқалпоқистон гуфт, ҳар оила бояд 100-тоӣ мурғ дошта бошад.

Сокинони камбизоати ноҳияи Зафаробод мегӯянд, чӯҷаҳоро ба онҳо аз номи ҳокимияти ноҳия сарони маҳаллаҳо ҳамроҳ бо намояндагони давлат овардаанд ва гуфтаанд, ки бо ин роҳ хонавода бояд худро аз фақр наҷот диҳад.

Ризоев мегӯяд, ҳамчунин бонкҳо ҳоло ба мардум то 7,5 миллион сум ё 2250 доллар бо баҳраи 9 дарсад қарз медиҳанд, то ба мурғпарварӣ, чорводорӣ ё боғдорӣ машғул шаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG