Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизтабори Русия барои ҳамоиш бо террористҳо зиндонӣ шуд


Ҷангиёни Ҷабаҳат ал-Нусра, шохаи бурида аз Ал- Қоида баъди ишғоли академияи низомӣ.
Ҷангиёни Ҷабаҳат ал-Нусра, шохаи бурида аз Ал- Қоида баъди ишғоли академияи низомӣ.

Додгоҳи Русия як шаҳрванди қирғизтаборашро барои ҷангидан дар тарафи террористҳо дар Сурия ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи низомии минтақавии Маскав дар мурофиае, ки рӯзи 16 феврал дар Санкт Петербург баргузор шуд, Исломҷон Зоҳидови 19 соларо барои пайвастанаш бо гурӯҳи террористии Ҷабҳаи ал-Нусра, феълан маълум бо номи Ҷабҳат ал- Шом, муҷрим эълон кард.

Зоҳидов ба гуноҳаш иқрор шуд ва гуфт, ки соли 2015, дар синни 17 солагӣ, бо даъвати падараш ба Сурия рафт ва бо террористҳо ҳамроҳ шуд.

Моҳи июни соли 2016 ӯ тавонист аз падараш фирор кунад ва ба назди модараш ба Санкт Петербург баргардад. Мақомоти Русия ӯро дар ҳамин ҷо боздошт карданд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳудудан 5 ҳазор шаҳрванди Русия ва шаҳрвандони кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ ба Сурия ва Ироқ сафар карда, ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ва дигар созмонҳои терористӣ ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG