Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон Маскавро ба риояи созишномаи Минск даъват кард


Олмон - Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар ҳошияи нишасти G20 сӯҳбат мекунад. Бонн, 16 январи соли 2017.
Олмон - Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар ҳошияи нишасти G20 сӯҳбат мекунад. Бонн, 16 январи соли 2017.

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар мулоқот бо вазири хориҷии Русия Сергей Лавров, Маскавро ба риояи созишномаи Минск, оиди ҳалли мусолиматомези низои шарқи Украина даъват кард.

Ин нахустин тамоси Русия бо маъмурияти президенти нави Амрико дар сатҳи баланд буд. Мулоқот дар Бонн, дар ҳошияи нишасти вазирони хориҷии кишварҳои пешрафтаи саноатӣ ё G20 ҷараён гирифт.

Вазири хориҷии Олмон Зигмар Габриел рӯзи 15 феврал дар ҷараёни сӯҳбат бо Лавров аз Русия даъват кард, ки бо истифода аз нуфӯзи худ ҷудоиталабонро водор кунад, ки силоҳи вазинини худро аз тахти тамоси тарафҳои диргир берун бубаранд.

XS
SM
MD
LG