Аз ин ба баъд зиндониёне, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва Афғонистон нигоҳ дошта мешаванд, ба кишварҳояшон истирдод хоҳанд шуд. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16 феврал созишномаи миёни ду кишвар дар бораи истирдодро ба тасвиб расонд. Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар порлумон гуфт, ин созишнома ҳамчунин истирдоди афродеро пешбинӣ мекунад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷиноят содир карда ва ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.
Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2010 мувофиқатномаеро дар мавриди табодули маҳбусон имзо карда буданд. Аммо банди аввали ин қарордод табодули зиндониёни муҷрим дар ҷиноятҳои сангинро рад мекард. Бар асоси ин санад, аз тақрибан 100 шаҳрванди афғоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд, онҳоеро, ки дар ҷиноятҳои сабуке, чун марзшиканӣ ё тақаллуби аснод айбдор мешуданд, ба Афғонистон супурданд.
Ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон асосан он шаҳрвандони Афғонистон мондаанд, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва убури мусаллаҳона аз марз муҷрим шинохта шудаанд. Аммо аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Афғонистон зиндонӣ шудаанд, ҷангҷӯёни марбут ба гурӯҳҳои тундраве, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ, Ал-Қоида ва дар ин авохир, аз афроди “Давлати исломӣ”-анд.