Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон аз Украина истирдоди ҷияни ҳамсари президентро хост


Додситонии кулли Ӯзбекистон аз мақомоти Украина истирдоди Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дархост намуд, ки ба рабудани миллионҳо доллар, пинҳон доштани даромад, пулшӯӣ ва тақаллуби хидматӣ айбдор мешавад.

Додситонии кулли Ӯзбекистон далелҳои истирдоди Акбаралӣ Абдуллоеви 33-соларо ба мақомоти Украина пешниҳод кард. Аммо вакили дифои ӯ ин далелҳоро “мутлақо беасос” меномад ва мегӯяд, Абдуллоев барои ин айбнома дар Ӯзбекистон аллакай муҷозот шудааст. Худи Абдуллоев аз додгоҳи ноҳияи Соломини шаҳри Киев хост, ба Ӯзбекистон супурда нашавад, зеро дар маҳбасҳои ин кишвар шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ ҷой дорад.

Акбаралӣ Абдуллоев 10 октябри соли 2013 ба содир кардани ҷиноятҳои сангини иқтисодӣ айбдор ва бо фармони президенти вақт Ислом Каримов боздошт шуда буд. Моҳи ноябри соли 2014 додгоҳ ӯро ба 15 соли ҳабс маҳкум кард. Баъдан мӯҳлати ҷазо то 6,5 сол кам карда шуд.

Пас аз ду соли зиндон Абдуллоев озод шуд. Аммо чанде пас аз фавти президент Каримов ба таври ғайриқонунӣ кишварро тарк кард. 14 январи имсол ӯ дар фурудгоҳи байнулмилалии Киев боздошт шуд. Марзбонони украин аз Абдуллоев шиносномаҳои Ӯзбекистон ва Доминиканро дарёфт карданд. Додситонии кулли Ӯзбекистон мегӯяд, боздошти Акбаралӣ Абдуллоевро аз пулиси байнулмилал дархост карда буд.

XS
SM
MD
LG