Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигори қазоқ


Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои ҳимоят аз фаъоли ҷамъиятӣ, рӯзноманигор ва сармуҳаррири нашрияи мустақили "Саяси калам. Трибуна" Ҷонболат Мамай, ки бо гумони пулшӯӣ ҳабс шудааст, кумитае таъсис ёфт.

Ба ҳайати кумита беш аз даҳ фаъоли ҷамъиятӣ, ҳомиии ҳуқуқ ва рӯзноманигорон шомил шудаанд, ки миёнашон муовини сармуҳаррири "Саяси калам. Трибуна" Инга Имонбой ва ҳуқуқшиноси маъруф Евгений Жовтис низ ҳастанд.

Раиси кумита Розлана Таукина гуфт, дар ҳоли ҳозир изҳороти онҳо ба ҳимоят аз Ҷонболат Мамай омода мешавад. Сармуҳаррири нашрияи "Саяси калам. Трибуна" 10 феврал бо гумони "пулшӯӣ" боздошт шуд. Худи Мамай ин айбро рад карда, мегӯяд, қазияи ӯ "ангезаи сиёсӣ" дорад.

Вакили дифои рӯзноманигор гуфт, аз болои қарори ҳабси зерҳимояаш ба додгоҳи шаҳрии Алмаато шикоят бурдааст. Мамай 11 феврал бо қарори додгоҳи ноҳиявии Медеои Алмаато то 10 апрели соли равон ба ҳабс гирифта шуд.

То ҳол бо талаби раҳоии рӯзноманигори қазоқ созмонҳои маъруфи байналмилалӣ, аз ҷумла "Кумитаи дифоъ аз журналистон" (CPJ), Freedom House, "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF) изҳорот додаанд. RSF дар изҳороташ гуфт, ҳабси рӯзноманигор нишон медиҳад, ки мақомоти Қазоқистон аз таъқиби расонаҳои мустақили камшумори ин кишвар даст намебардоранд.

XS
SM
MD
LG