Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафҳо дар Донбасс ба ақибкашии техникаи ҳарбӣ розӣ шуданд


Бино бар изҳороти Мартин Сайдик, музокиракунандаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар ҳалли бӯҳрони Украина, тарафҳои даргир дар шарқи Украина ба созиш расиданд, ки то 20 феврал техникаи вазнини ҳарбиро тибқи аҳдномаи Минск аз хатти ҷабҳа ақиб кашанд.

Миёнарави байнулмилал афзуд, Украина, Русия ва ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия дар гуфтушунидҳои ахир дар Минск ба ин натиҷа расиданд.

Пеш аз ин созиш, дар аввали моҳи феврал даргирҳои шадид ба миён омад ва бар асари онҳо дар шаҳри Авдеевка ва атрофи он даҳҳо нафар кушта шуданд. Тарҳи сулҳи Минск аз тарафҳои даргир мехоҳад, силоҳи сангинро ақиб кашанд ва дар масири хатти ҷабҳа минтақаи ҳоил таъсис диҳанд.

Созишномаи Минск борҳо аз ҳарду ҷониб поймол шуда, дар ду соли баъд аз имзо шудани он тарафҳо дар ҳалли осоиштаи низоъ пешрафте надоштанд. Дар ин низоъ сар аз соли 2014 зиёда аз 9 750 нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG