Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси "Рустамбонк" аз зиндон раҳо шуд


Рустам Усмонов
Рустам Усмонов

Муассиси аввалин бонки хусусии Узбакистон — "Рустамбонк" — Рустам Усмонови 69-сола пас аз 19 соли ҳабс аз зиндон раҳо шуд. Ин соҳибкор моҳи октябри соли 1998 ба 14 соли зиндон маҳкум шуд ва дар соли 2012 мӯҳлати ҳабси ӯ панҷ сол тамдид гашт.

Ба гуфтаи наздиконаш, Рустам Усмонов, бо итмоми мӯҳлати ҷазо, рӯзи 13 феврал аз маҳбас баромад ва ҳоло бо табобат машғул аст. Онҳо афзуданд, вазъи Усмонов хуб ва рӯҳияаш хуш аст.

Иқтисодшинос Рустам Усмонов, ки соли 1948 дар Ҷалолободи Қирғизистон зода шудааст, дар давраи бозсозии горбачевӣ даст ба соҳибкорӣ зад ва дар соли 1992 "Рустамбонк"-ро таъсис дод, ки яке аз комёбтарин ниҳодҳои молиявии Ӯзбекистон ба шумор мерафт. Аммо пас аз чанде бонк баста шуд ва соҳиби он ҳадафи фишори президенти кишвар Ислом Каримов қарор гирифт.

19 октябри соли 1998 додгоҳи вилояти Андиҷон Рустам Усмоновро бо айбномаи қаллобӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии арзи хориҷӣ ба мӯҳлати дароз зиндонӣ кард. Наздикони ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон даъват мекарданд, ки Усмонов маҳбуси сиёсӣ дониста шавад.

XS
SM
MD
LG