Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Миллӣ қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ"-ро пас гардонд


Маҷлиси Миллии Тоҷикистон қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ"-ро, ки тирамоҳи соли гузашта дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда буд, ба далели ин, ки дар он мушаххасан зикр нашудааст, ки дар кадом ҳолатҳо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва амният метавонанд ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд, баргардонд. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ гуфт, ки дар инҷо масъалаи кафолати амнияти шаҳрвандон ва ҳам ҳифзи ҳуқуқи онҳо матраҳ аст ва бинобар ҳамин ба раиси Додгоҳи олӣ, Додситонии кулл, КДАМ ва дигар ниҳодҳои зирабт дастур дод, ки ин қонунро баррасӣ ва дигарбора пешниҳод кунанд. Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – рӯзи 19 октябри соли гузашта тарҳи иловаҳо ба қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ "-ро тасвиб кард. Бар асоси ин тағйирот кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ доранд, ки бе иҷоза вориди манзили сокинон шаванд.

XS
SM
MD
LG