Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев: Интихоботи президентӣ 19 ноябр баргузор шавад


Бишкек - Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо раиси Кумисиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ Нурҷон Шайлдабекова. 15 феврали соли 2017.
Бишкек - Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо раиси Кумисиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ Нурҷон Шайлдабекова. 15 феврали соли 2017.

Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар дидор бо раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ин кишвар Нурҷон Шайлдабекова гуфт, ки интихоботи президентии Қирғизистон бояд якшанбеи саввуми моҳи ноябр – рӯзи 19 ноябр баргузор шавад.

"Дар нӯҳ моҳи боқимонда то интихобот бояд ҳамаи кӯтоҳӣ ва камбудҳои корро бартараф кард ва шароитро барои интихоботи бозу ҳақиқии раҳбари нави давлат фароҳам овард", - таъкид кард Отамбоев ва афзуд, "фақат интихоботи рост ва озод метавонад, қонунмандии ҳокимият ва суботи кишварро таъмин кунад".

Нурҷон Шайлдабекова президентро аз ҷараёни кори КМИР огоҳ намуд ва хабар дод, ки ниҳоди ӯ бо дарназардошти таҳлили интихоботи гузашта ба барканор кардани камбудҳо ва беҳбуди кор дар созмондиҳии интихобот талош мекунад.

Бар пояи қонунҳои Қирғизистон, президент барои як давраи 6-сола интихоб мешавад ва биноан Алмосбек Отамбоев ҳақ надорад, номзадии худро пешбарӣ кунад. Аз номзадии худ дар интихоботи оянда ду сарвазири пешин Темир Сариев ва Омурбек Бабанов ва раҳбари ҳизби "Онугуу-Прогресс" Бакит Турабоев хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG