Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА номзадии Мнучинро ба мақоми вазири молия тасдиқ кард


Стивен Мнучин - Вазири молияи Амрико
Стивен Мнучин - Вазири молияи Амрико

Сенати Иёлоти Муттаҳида рӯзи 13 феврал номзадии Стивен Мнучинро ба мақоми вазири молия тасдиқ кард. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, 53 сенатор аз ӯ пуштибонӣ карда ва 47 нафар ба муқобилаш овоз доданд. Ягона намояндаи Ҳизби демократ, ки аз Мнучин пуштибонӣ кард, сенатори Вирҷинияи Ғарбӣ Ҷон Манчин буд.

Президенти Амрико Доналд Трамп Мнучинро табрик ва ӯро ба подшоҳи бостонӣ Мидас баробар кард, ки ба ҳарчӣ даст мезад, ба тилло мубаддал мешуд.

Стивен Мнучин 17 сол дар бонки сармоягузории Goldman Sachs фаъолият кардааст. Баъдан ӯ ширкати худро таъсис дод ва истеҳсоли як идда филмҳои Ҳолливуд, ба монанди "Аватар", "Макси девона" ва "Гравитатсия"-ро сармоягузорӣ кард. Соли 2008 дар авҷи бӯҳрони ипотека дар ИМА ва бинобар аз даст додани тавони пардохти қарзи бонк, ки Мнучин аз раҳбаронаш буд, даҳҳо ҳазор одам аз хона маҳрум шуданд. Соли 2016 Мнучин узви тими интихоботии Доналд Трамп дар умури масоили молӣ шуд. Маҷаллаи Forbes дороиҳои Стив Мнучинро 300 миллион доллар ҳисоб кардааст.

XS
SM
MD
LG