Комиссияи Амрико оид ба озодиҳои мазҳабӣ (USCIRF) дар гузориши солонааш Узбакистонро ба рӯйхати "кишварҳои боис ба нигаронии хос" шомил кард. USCIRF мегӯяд, дар Узбакистон 12 ҳазору 800 нафар дар заминаҳои мазҳабӣ равонаи зиндон шуда, ба бештари онҳо шиканҷа таҳдид мекунад. Бар пояи гузориш, 84 маҳбуси динӣ дар ин кишвар дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд.
Муаллифони гузориши USCIRF мегӯянд, соли 2015 муҳоҷирон баъди бозгашт аз Русия, Туркия, Аврупо ва ИМА бо гумони узвият дар гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба таври дастаҷамъӣ дар ватан боздошт шудаанд, ки дасти кам, тақдири 200 тани онҳо норушан аст.
"Ҳукумати Узбакистон иқрор мекунад, ки бисёре аз боздоштшудаҳо бо гуруҳҳои экстремистии монанд ба "Ваҳҳобия" ё "Ҷиҳодизм" робита доштанд. Вале дар бештари мавридҳо ҳеч гуна далеле ироа намекунад. Бо вуҷуди изҳороти ҳукумат, ҳанӯз ҳам дар зиндону боздоштгоҳ ва идораҳои пулиси Ӯзбекистон аз шиканҷа кор гирифта мешавад", - афзудаанд муаллифон.
Муаллифон аз ҳукумати ИМА хостаанд, ки бо ҳукумати Узбакистон шартномаи ҳатмӣ имзо кунад ва дар сурати иҷро нашудани уҳдадориҳо дар бораи озодии динӣ зидди Тошканд таҳрим эълон шавад. Ба Департамени давлатии ИМА низ тавсия шудааст, ки номи Узбакистонро ба ба рӯйхати "кишварҳои боиси нигаронии хос" шомил кунад.
Муаллифон ҳамчунин аз ҳукумати Узбакистон даъват кардаанд, ки ба боздиди гузоришгарони махсуси СММ аз Тошканд иҷозат диҳанд ва барои фаъолияти онҳо шароит фароҳам оваранд.