Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлагари клуби Истанбул барои худ ҳукми қатл хост


Туркия - Аксҳои шаҳрванди Узбакистон Абдулқодир Машарипов, гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Истанбул.

Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Узбакистон, ки шаби Соли нав ба клуби "Рейна"-и Истанбул ҳамла кард, аз додрас барои худ ҳукми қатл хостааст. Дар ин бора нашрияи туркии "Сабоҳ" иттилоъ медиҳад. Дар ҳоли ҳозир, мурофиаи додгоҳии Машарипови 34-сола, маъруф ба "Абумуҳаммад Хуросонӣ" дар Туркия идома дорад.

Вай қаблан ҳини бозпурсӣ гуфт, барои ҳамла ба клуби "Reina"-и Истанбул аз "амир"-и шаҳри Раққаи Сурия, ки ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" онро пойтахти худ эълон кардаанд, дастур гирифтааст. Машарипов иқрор кард, ки нақша дошт, шаби Соли нав дар майдони "Тақсим"-и Истанбул амали террористӣ анҷом диҳад, вале ба иллати ташдиди чораҳои амниятӣ тасмим гирифтааст, ба клуб ҳамла кунад.

Дар натиҷаи ҳамлаи шаби Соли нав ба клуби мазкур 39 нафар кушта ва 65 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба зимма гирифта, пас аз 16 рӯз Абдулқодир Машарипов дар Истанбул дастгир шуд.

Баъдан хабаргузории туркии Anadolu иттилоъ дод, ки Машариповро мақомоти кишвараш бо гумони узвият дар созмонҳои мамнуъ ҷустуҷӯ мекарданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG