Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истеъфои Флин паёмади "васваса"-и зидди Русия аст"


ИМА - собиқ мушовири амниятии Кохи Сафед Майкл Флин дар роҳ ба сӯи нишасти матбуотии президент Трамп бо нахуствазири Канада. 13 феврали соли 2017.

Ду қонунгузори аршади ҷонибдори Кремлин аз Майкл Флин, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, ки ба думболи пахши хабарҳо аз тамосаш бо сафири Русия дар Вашингтон истеъфо дод, ҳимоят карданд.

Флин бегоҳи 13 феврал, дар заминаи ба гуфтаи худаш "маълумоти нокомил" дар бораи гуфтугӯҳои телефонияш бо сафири Русия дар Вашингтон, Сергей Кисляк дар моҳи декабр, истеъфо дод.

Константин Косачев, раҳбари кумитаи равобити байналмилалии палатаи болоии порлумони Русия, дар Фейсбук навишт, ки барои тамос бо Русия аз мақом рондани мушовири амнияти миллӣ "на танҳо паранойя, балки чизи бадтар аз он аст."

"Ё Трамп ба мустақилият даст наёфтааст ва ӯро дар кунҷе ҷо кардаанд... ё "Русофобия" ё русбадбинӣ ба маъмурияти нав, аз боло то поён низ таъсир кардааст",- гуфт РИА Новости аз қавли Косачев.

Алексей Пушков, раиси Кумитаи равобити байналмилалии палатаи поёнии порлумони Русия ба думболи пахши хабари истеъфои мушовири амнияти миллии Кохи Сафед дар Твиттер навишт, ки "ҳадаф Флин набуд, ин равобит бо Русия буд, ки ҳадаф қарор гирифт."

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG