Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амнияти СММ озмоиши мушакии Кореяи Шимолиро маҳкум кард


Ким Чен Ин ҳангоми назорати озмоиши мушаки баллистикӣ. 12 феврали соли 2017.
Ким Чен Ин ҳангоми назорати озмоиши мушаки баллистикӣ. 12 феврали соли 2017.

Шӯрои Амният ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки агар озмоиши силоҳи мушакӣ ва ҳастаиро бас накунад, зидди он “чораҳои нав ва қавитаре” ҷорӣ хоҳанд шуд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки амалкарди Кореяи Шимолӣ хилофи қатъномаҳои СММ буда, ба ташаннуҷи авзоъ сабаб мегардад. Аз ҳамаи кишварҳои узви СММ даъват мешавад, ки таҳримҳои зидди Кореяи Шимолиро, ки аз соли 2006 ба ин сӯ дар шаш қатъномаи Шӯрои Амният зикр шудаанд, ба иҷро расонанд.

Ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ дар робита бо озмоишҳои нави мушакии Кореяи Шимолӣ баргузор шуд. Дар изҳорот омадааст, Пехнян бо вуҷуди қатъномаҳои СММ 19 октябри соли 2016 ва 11 феврали имсол ду мушаки болдор партоб кард.

Пештар ба ин амалҳои Кореяи Шимолӣ Дабири кулли СММ Антониу Гутерреш и президенти ИМА Доналд Трамп вокуниши шадид нишон доданд. "Кореяи Шимолӣ як мушкили бузург аст," -- таъкид кард Трамп. Ба гуфтаи расонаҳо, мушаки нави Пхенян, ки 11 феврал озмуда шуд, масофаи бештарро тай мекунад ва дар заминаи мушакҳои киштиҳои зериобӣ сохта шудааст.

Кореяи Шимолӣ соли гузашта 2 таркиши ҳастаӣ анҷом дод ва зиёда аз 20 мушаки болдор партоб кард. Мушаки охирини он наздик ба 500 километр парвоз карда, дар Баҳри Ҷопон фуруд омад.

XS
SM
MD
LG