Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Саидов барои худкушии як сарбози нирӯҳои марзбонӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии низомии Тоҷикистон нисбат ба Ё. Саидов – фармондеҳи як бахши (взвод) қисми низомии нерӯҳои марзбонӣ – дар робита ба шиканҷа ва ба худкушӣ расондани сарбоз парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 13 феврал гуфт, ҳодиса моҳи ноябри соли 2016 рух додааст. Ба қавли масъулони созмон, “фармондеҳ сарбоз К.Ҷ.-ро дар дуздии моликияти ин қисми низомӣ айбдор карда, ӯро мавриди шиканҷа қарор додааст. Вай аз сарбоз талаб кардааст, ки маблағи моликияти дуздидашударо ҷуброн кунад, вагарна бозрасони додситонии низомӣ ва хешованданошро ба қисми низомӣ даъват карда, ӯро шармсор мекунад. Дар натиҷа сарбоз дар пайи шикаҷаву таҳқирҳои пайваста 11 ноябри соли гузашта худкушӣ мекунад.” Дафтари озодиҳои шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2014 то кунун дастикам 11 мавриди фавти низомиён дар артиши кишвар сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG