Ҷиноҳи порлумонии «Республика - Ата-Журт» раҳбари худ Омурбек Бабановро дар интихоботи президентии ин кишвар номзад пешбарӣ кард. Дар ин бора вакили порлумони Қирғизистон Мирлан Жеенчороев хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласаи рӯзи 14 феврал садорати «Республика - Ата-Журт» тасмим гирифт, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ аз номзадии Омурбек Бабанов пуштибонӣ кунад. "Ин қарорро ҳамаи аъзои ҷиноҳи порлумонӣ дастгирӣ карданд," -- афзуд Мирлан Жеенчороев.
Бино бар Қонуни асосии Қирғизистон интихоботи навбатии президентии ин кишвар дар тирамоҳи соли 2017 баргузор мешавад.
Пештар маълум гашта буд, ки сарвазири собиқи Қирғизистон Темур Сариев ва раҳбари ҷинҳои порлумонии «Онугуу-Прогресс» Бакит Турабоев дар интихоботи ояндаи президентӣ номзад хоҳанд шуд.