Пайвандҳои дастрасӣ

Мушовири амнияти миллии Трамп истеъфо дод


ИМА - Майкл Флинн, собиқ мушовири амнияти миллии Доналд Трамп. 12 феврали соли 2017.

Генерал-лейтенант Майкл Флинн, ёвари раиси ҷумҳури Амрико дар умури амнияти миллӣ, шоми 13 феврал аз мақомаш истеъфо дод. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки матни дархости истеъфои Флиннро дарёфт кардаанд. Дар нома Флинн барои тасодуфан ба ноиби раиси ҷумҳур Майкл Пенс додани маълумоти ғайри қобили эътимод оиди гуфтугӯяш бо сафири Русия дар Вашингтон Сергей Кисляк узр пурсидааст.

Истеъфои Майкл Флинн ба дунболи хабаре фаро расид, ки ӯ ноиби раиси ҷумҳур ва дигар мақомоти баландпояи маъмурияти Трампро гумроҳ карда, ба онҳо итминон дода буд, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ таҳримҳои алайҳи Русияро бо сафири ин кишвар баррасӣ накардааст.

Бино ба гуфтаи Майкл Флинн, гуфтугӯи ӯ бо Кисляк танҳо аз табодули табрикоти солинавӣ ва мавзӯъҳои беаҳамияти дигар иборат буд.

Аммо, ба навиштаи матбуоти Амрико, Додситонии кулли ИМА ба самъи Кохи Сафед расонд, ки Флинн дар асл, охири моҳи декабр дар гуфтугӯи телефонӣ бо сафир, масъалаи таҳримҳоро матраҳ кард ва бо пинҳон доштани ин далел аз маъмурият, худро мавриди "шантаж" ё боҷхоҳии эҳтимолии Маскав қарор дод. Дар ҷараёни гуфтугӯ Флинн ҳеҷ маводи маҳрамонеро ошкор накард, аммо ин далел, ки ӯ масъалаи муҳими сиёсати хориҷиро, қабл аз онки Трамп расман ба кор шурӯъ кунад, матраҳ кардааст, нақзи тартибот шумурда мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG