Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамоат-ур-Аҳрор ба ҷамъомади дорусозон ҳамла кард


Покистон - Таркиш дар Лоҳур. 13 феврали соли 2017.

Таркиши густарда дар макони эътирози мардум, дар наздикии Шӯрои вилоятии Лоҳури Покистон, дастикам 10 нафарро кушта ба ҷой гузошт. Дар ин бора матбуот ва мақомот рӯзи 13 феврал хабар доданд.

Ба гуфтаи Алӣ Ризо, мақоми пулиси маҳаллӣ, таркиш дар ҳоле рух дод, ки марди савори дучарха худро ба тӯдаи дорӯсозон зад, ки алайҳи тағйирот ба қонуни танзими фурӯши дорӯворӣ эътироз мекарданд.

Ҷамоат-ур-Аҳрор, як ҷиноҳи Толибони Покистон, масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ба гуфтаи пулис теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо то ҳол дақиқ нест.

Нахуствазир Навоз Шариф бо пахши як изҳорот гуфт, ки кишвараш "алайҳи ҷангҷӯӣ мубориза хоҳад бурд".

Ҷамоат-ур-Аҳрор ҳамчунин масъулияти бомбагузории соли гузашта дар иди Фисҳро (пасха) бар дӯш гирифтааст, ки 70 нафарро дар боғи умумӣ қурбон кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG