Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Қазоқистон Мамайро боздошт карданд


Қазоқистон - Фаъоли ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигор Ҷонбулот Мамай дар додгоҳ. 11 феврали соли 2017.
Қазоқистон - Фаъоли ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигор Ҷонбулот Мамай дар додгоҳ. 11 феврали соли 2017.

Сардабири нашрияи мустақили Қазоқистон бо иттиҳоми пулшӯӣ боздошт шуд.

"Одил Соз"- як созмони ҳимояи ҳуқуқи инсон рӯзи 13 феврал гуфт, ки Ҷонбулот Мамай охири ҳафта барои ду моҳ боздошт шуд.

Нашрияи Мамай, "Саяси Қалам" (Минбари қалами сиёсӣ), бо пахши матолиби танқидкунандаи ҳукумати Қазоқистон шӯҳрат дорад.

Муфаттишҳо мегӯянд, Мамай дар шустушӯӣ пулҳое, ки сармоядори фирорӣ Мухтор Аблиёзов "дуздид", даст доштааст.

Мамай робитаи худро бо Аблиёзов рад мекунад ва мегӯяд, ки қазияи ӯ ҷамбаи сиёсӣ дорад.

Мухтор Аблиёзов, собиқ раиси бонки BTA-и Қазоқистон, ки ҳоло дар хориҷ ба сар мебарад, аз мухолифини умдаи раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев номбар мешавад.

Се кишвар, Қазоқистон, Русия ва Украина Аблиёзовро бо иттиҳоми сирқати ҳудудан $5 миллиард дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор додаанд. Аблиёзов иттиҳомро қабул надорад ва онро сиёсӣ мехонад.

XS
SM
MD
LG