Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия дар Остона


Қазоқистон - Вазири хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳороти ниҳоии музокироти Сурияро қироат мекунад. Остона, 24 январи соли 2017.
Қазоқистон - Вазири хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдураҳмонов изҳороти ниҳоии музокироти Сурияро қироат мекунад. Остона, 24 январи соли 2017.

Ба даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия, ки қарор аст, 15-16 феврал дар шаҳри Остона баргузор шавад, намояндагони ҳукумату мухолифони ин кишвар ва фиристодаи махсуси СММ Стаффан де Мистура расман даъват шудаанд.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон, риояи низоми оташбас ва андешидани чораҳои мушаххас барои ба эътидол овардани вазъ дар як қатор навоҳии Сурия мавзӯъҳои асосии музокирот хоҳанд буд.

Ин гуфтугӯ бо миёнаравии Русия ва Туркия баргузор мешавад.

Санаи навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия дар шаҳри Женева 20 феврали соли равон таъйин шудааст. Ба ҳисоби СММ, тайи тақрибан 6 соли ҷанги шаҳрвандии Сурия беш аз 300 ҳазор одам ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG