Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси Морган Фримен сабаби манъи филми "Дайду" шуд


Тоблуи филми "Дайду", ки чеҳраи ҳунарманди машҳӯри амрикоиро нашр кардааст.
Тоблуи филми "Дайду", ки чеҳраи ҳунарманди машҳӯри амрикоиро нашр кардааст.

Бунгоҳи миллии "Ӯзбеккино" ширкати Timur Film-ро айбдор кард, ки бо нашри чеҳраи ҳунарпешаи машҳури амрикоӣ дар таблиғи филми нави "Дайду" ҳаққи моликияти зеҳниро поймол ва таваҷҷӯҳи бинандагонро бо роҳи фиреб ба асари худ ҷалб мекунад.

Ширкат ба он гунаҳкор мешавад, ки дар навор, огаҳӣ ва лавҳаҳои таблиғотии худ симои бозигари машҳури амрикоӣ Морган Фрименро нашр кардааст, аммо барои ин санадҳои заруриро надорад.

Акс аз филми "Айёрони охирин", истеҳсоли Бритониё ва Кореяи Ҷанубӣ рӯбардор шуда, паём медиҳад, ки гӯё бозигари амрикоӣ дар филми ӯзбекистонӣ нақш офаридааст.

Бунгоҳи миллии "Ӯзбеккино" мегӯяд, ширкат санади ризоияти ҳунарпешаро барои истифодаи акси ӯ дар даст надорад ва бо пахши маълумоти нодуруст ҳуқуқи бинандагонро низ поймол кардаанд.

Акнун сарнавишти филмро бояд Кумитаи давлатии хусусигардонӣ, зиддимонополӣ ва рушди рақобат ва ҳамчунин Бунгоҳи моликияти зеҳнӣ муайян кунанд. То он вақт намоиши филми нав дар кинотеатрҳои кишвар мамнӯъ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG