Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ аз Амрико хост, ки роҳи шаҳрвандонашро бикушояд


Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ
Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ

Ҳайдар Ибодӣ – нахуствазири Ироқ – рӯзи 11 феврал гуфт, ки кишвараш дар ҳеҷ даргирӣ ё низои минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок нахоҳад кард. Ин изҳороти Ибодӣ баъд аз сӯҳбати телефонии ӯ бо Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – садо дод. Вай тавассути телевизионҳои давлатӣ гуфт, "Ироқ бисёр мехоҳад, манофеи миллии худро ҳифз кунад. Вале намехоҳад, бахше аз низои минтақа ва байналмилалӣ бошад, ки боиси фоҷиа дар минтақа ва Ироқ гардад."

Кохи Сафед рӯзи 10 феврал гуфт, ки раиси ҷумҳури Амрико ва нахуствазири Ироқ барои нахустин бор аз замони савганди Доналд Трамп гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд. Ба қавли манбаъ, тарафҳо дар ин сӯҳбат "аз хатари Эрон ба тамоми минтақа" низ сухан гуфтанд. Дафтари матбуоти Ибодӣ низ аз баргузории сӯҳбати телефонии ӯ бо Доналд Трамп дар шаби 9 феврал хабар дод, вале аз масъалаи Эрон чизе зикр накард.

Аммо гуфта шуд, Ибодӣ аз Трамп хостааст, Ироқро аз листи кишварҳое берун кунад, ки бар асоси фармони ҳоло беэътиборшудаи ӯ ҳаққи сафар ба Амрикоро надоштанд. Ироқ яке аз ҳафт кишвари мусалмонист, ки бар асоси дастури иҷроии Доналд Трамп барои 90 рӯз аз ҳаққи мусофират ба Иёлоти Муттаҳида маҳруманд. Ҳоло додгоҳ иҷрои ин дастурро боздоштааст ва рӯзи 9 феврал Додгоҳи таҷдиди назар низ бо фармони Трамп мухолифат кард. Вале раиси ҷумҳури Амрико ваъда кардааст, ки барои ҷорӣ намудани фармон тамоми талоши худро хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG