Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз эҳтимоли тармафароӣ ва ях дар масири Душанбе – Хуҷанд


Ширкати Инноватив Роуд Солюшнз (IRS) – масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар роҳи Душанбе-Хуҷанд – аз ронандаҳо ва мусофирон хостааст, ки рӯзҳои 11 ва 12 феврал аз сафар дар ин масир худдорӣ кунанд ё аз эҳтиёт кор гиранд. Ин ширкат мегӯяд, "дар ин рӯзҳо ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст". Масъулони Маркази обу ҳавошиносӣ низ гуфтанд, рӯзҳои 11-12 феврал бориши барф, эҳтимоли тармафароӣ ва яхбандӣ дар назар аст.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 11 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан бештаре аз роҳҳои кӯҳистонии Тоҷикистон барои омаду рафти воситаҳои нақлиёт боз аст, аммо бидуни зарурат шаҳрвандон аз сафар тавассути ин роҳҳо худдорӣ кунанд. Вай афзуд, "тавсия додем, ки дар роҳҳои хатарзои кӯҳистонӣ масофаи миёни мошинҳо бояд на камтар аз 500 метр бошад. Чунин тавсия ба он хотир дода шудааст, ки дар сурати фаромадани тарма ронанда ва мусофирони мошинҳои дигар тавонанд ба ёрии якдигар бирасанд."

Тайи тақрибан як моҳи охир бар асари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, ягона роҳи заминӣ, ки маркази кишварро бо шимол пайванд медиҳад, нӯҳ нафар аз ҷумла як маъмури пулис ва як донишҷӯи Донишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ҳалок шуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал дар нишасти Комиссияи давлатии ҳолатҳои изтирорӣ гуфт, инчунин, дар пайи фаромадани тарма дар моҳи январ ва аввали моҳи феврал дар минтақаи Рашт ва вилояти Бадахшон низ чаҳор нафар ҷон бохтанд. Дар маҷмӯъ, ба гуфти ӯ, дар як моҳи ахир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар ҳудуди 250 тарма фаромадааст.

Дар панҷ соли охир офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон боис ба марги беш аз 120 нафар шуда, 600 миллион доллар хисорот овардаанд.

XS
SM
MD
LG