Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ аз Туркманистон хост, ки ду хабарнигорро раҳо кунад


Худойбердӣ Аллашов

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳукумати Туркманистонро барои таъқиби хабарнигорони мустақил маҳкум кард. Дар изҳороти Томас Кент, президенти Радиои Озодӣ, аз ҳукумати Туркманистон талаб шудааст, ки Сафармамад Непескулиев ва Худойбердӣ Аллашов – ҳамкорони ин радиоро фавран озод намояд. Аллашов, ки бо матолиби танқидии худ дар бораи вазъи кишвараш маъруф буд, моҳи декабри соли гузашта бо айби ҳифзу нигаҳдории нос – як навъи мардумии тамоку – ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ то ҳашт соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳамкори дигари Радиои Озодӣ Сафармамад Непескулиев моҳи сентябри соли 2015 бо ҷурми нигаҳдории маводи маводи мухаддир се сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Мудофеони ҳуқуқи башар борҳо ин иттиҳомро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ донистаанд. Томас Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар изҳороташ таъкид кардааст, ки сокинон дар остонаи интихоботи президентии Туркманистон ба дастрасӣ ба иттилои боварбахш дар бораи номзадҳо, барномааашон ва дар маҷмӯъ вазъи кишвар ҳақ доранд. Интихоботи президентӣ дар Туркманистон рӯзи 12 феврал баргузор хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида, САҲА ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон низ аз тақдири журналистони мустақил дар Туркманистон нигаронанд. Ҳомиёни ҳуқуқи созмони Human Rights Watch ва Гузоришгарони бидуни марз “ҳамлаи бесобиқа” ба озодии баён дар остонаи интихоботи Туркманистонро маҳкум намудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG