Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими Олмон барои тезонидани раванди ихроҷи муҳоҷирон


Ангела Меркел, садри аъзам ва раҳбарони 16 аёлати Олмон ба созиш расиданд, то раванди ихроҷи муҳоҷиронеро, ки дархости паноҳандагияшон рад шудааст, тезонанд.

Ба иттилои Associated Press, Меркел гуфт, ҳукумати Олмон тасмим дорад, маркази миллии ҳамоҳангсозии ихроҷи муҳоҷиронро таъсис диҳад. Ҳамчунин барои нигаҳдории муҳоҷирон то замони ихроҷашон чанд маркази ба истилоҳ "хуруҷ" ташкил хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти regnum.ru, соли 2016 наздики 55 ҳазор паноҳҷӯй ихтиёран Олмонро тарк карда, шумори онҳое, ки иҷборан ихроҷ шудаанд, ба 25 ҳазор нафар мерасад.

Соли гузашта ҷамъан 280 ҳазор одам аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ин шумора дар соли соли 2015 ба 890 ҳазор нафар расида буд.

XS
SM
MD
LG