Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади дувуми интихоботи президентии Қирғизистон маълум шуд


Раҳбари ҷиноҳи порлумонии «Онугуу-Прогресс» Бакит Турабоев гуфт, мехоҳад, дар интихоботи президентӣ ширкат кунад. Дар нишасти хабарӣ дар Бишкек вай бо эълони барномаи худ ишора кард, ки навбати ҳокимият ба намояндаи ҷавонон расидааст.

«Ман тарафдори таҳкими нақши сарвазир дар низоми сиёсии кишварам. Маркази идорӣ бояд аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба ихтиёри ҳукумат гузарад. Президент бе ин ҳам салоҳиятҳои кофӣ дорад, ки дар ҳампайвандӣ бо ҳукумат барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро амалӣ намояд», -- изҳор дошт Турабоев.

Ба гуфтаи ӯ, барои рушди иқтисод Қирғизистон бояд ба ҳамкории бештар бо шарикони калидияш такя занад. "Бозори кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд дар ҷои аввал бошад. Густариши имкониятҳои содиротии тавлидкунандаи ватанӣ асоси некӯҳолии шаҳрвандони мост," -- изофа кард раҳбари «Онугуу-Прогресс».

Турабоев бар ин аст, ки дар сиёсати беруна бояд собитқадамӣ, амалгароӣ ва бархӯрди муназзам бартарӣ дошта бошанд.

Пештар сарвазири собиқи Қирғизистон Темур Сариев эълом дошта буд, ки дар интихоботи президентии тирамоҳи имсол худро номзад хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG