Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ҳалокати сарбозони туркро ба "ноҳамоҳангӣ" бастагӣ медиҳад


Вазорати дифои Русия аз эҳтимол дур намедонад, ки фаъолияти "ноҳамоҳанг"-и нерӯҳо дар Туркия сабаби зарбаи ҳавоии Русия ба артиши Туркия шудааст. Дар ин бора "Коммерсантъ" ба нақл аз манобеи худ хабар додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, нишонаҳои маҳалли зарба бо истифода аз маълумоти иктишофии кайҳонӣ ва ҷосусӣ интихоб ва бо ситодҳои марказии ду ҷониб пешакӣ ҳамоҳанг шуда буд. Яке аз сабабҳои ҳодиса ин буда метавонад, ки нерӯҳои пиёданизоми Туркия ҷойгоҳи худро тарк карда, ба маҳалли зарба ворид шудаанд.

Дар натиҷаи зарбаи ҳавоии Русия ба як иншоот дар шаҳри Ал-Боби Сурия се сарбози турк кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шуданд.

Тарафи Русия изҳор дошт, ки ин ҳамла қасдан ба амал наомадааст.

Президенти Русия Владимир Путин дар гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон дар робита ба ҳодиса изҳори таслият кард.

XS
SM
MD
LG