Пайвандҳои дастрасӣ

Путин барои марги сарбозони турк узрхоҳӣ кард


акс аз октябри соли 2016

Низомиёни Туркия гуфтанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои Русия дар шимоли Сурия тасодуфан се сарбози турк кушта шуда 11 нафар маҷрӯҳ шуданд. Дар изҳороти Кремлин аз рӯзи 9 феврал гуфта шудааст, ки президент Владимир Путин дар сӯҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон “дар робита бо ин фоҷеа”, ки сарбозони Туркияро дар наздикии шаҳри Ал-Боб куштааст, изҳори тасаллият кард. Дар изҳороти низомиёни турк гуфта шудааст, ки вақти ҳамлаҳои ҳавоӣ сарбозон дар дохили як сохтмон қарор доштанд.

Кремлин гуфт, ки ду раҳбар тавофуқ карданд, ки “дар амри муқобила бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои ифротии дигар амалиёти худро дар оянда бештар ҳамоҳанг ва машварат мекунанд".

Вазорати дифои Русия гуфт, ки ҳарду кишвар дар баробари тавсеаи ҳамкориҳо дар амалиёти низомӣ дар Сурия ба табодули бештари иттилоъ бо ҳамдигар изҳори омодагӣ нишон доданд.

Русия аз нирӯҳои вафодор ба президенти Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунад, ки бо ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҳам мухолифони режими Асад меҷанганд. Туркия дар навбати худ ҳамчунин зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия ҷангида, вале аз гурӯҳҳои мӯътадили мухолифин, ки дар талоши аз байн бурдани ҳукумати Сурия мебошанд, пуштибонӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG