Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷефф Сешнс вазири адлия ва додситони кулли ИМА шуд


Сенати ИМА дар як овоздиҳии пурбаҳс номзадии Ҷефф Сешнсро ба мақоми додситони кулли ин кишвар пазируфт. Дар миёни мухолифони шадиди номзадии ӯ – демократҳо мебошанд, ки аз дидгоҳҳои ӯ ба масъалаи муҳоҷират ва ҳам ҳуқуқи башар интиқод кардаанд. Сешнси 70-сола дар овоздиҳие, ки бо 52 раъи мусбат ва 47 раъйи манфӣ анҷомид, пирӯзӣ ба даст овард. Сешнс бо мавқеи шадидаш дар масъалаи қабули муҳоҷирон шинохта шудааст ва муттафиқи президент Доналд Трамп дар таҳияи сиёсати муҳоҷират маҳсуб меёбад.

Сенатори демократ Тим Кайне баъди анҷоми овоздиҳӣ гуфт:

"Додситони кулл бояд тавонад, ки барои риояи қонунро ҳимоят кунад, ҳатто агар ин қарор мухолиф бо хости нафаре бошад, ки ӯро ба ин мақом номзад кардааст. Дар ин маъмурият мустақил будан хеле муҳим аст. Ман зидди Ҷефф Сешнс овоз додам, зидди як дӯст ва нафаре, ки бояд эҳтиром шавад. Ман ба ин боварам, ки муносибтар аз дигарон будани номзадии ӯ ба ин мақом шубҳаовар аст ва ҳам мутмаин нестам, ки ӯ метавонад дар муқобила бо тасмимҳои ғайриқонунии раҳбари худ муқовимат кунад”.

Ҳоло ӯ раҳбарии вазорати адлияиро ба ӯҳда мегирад ва аз ҳомиёни қарорҳои президент хоҳад шуд. Дар чанд додгоҳи Амрико қарори адами иҷозати вуруд ба муҳоҷирони 7 кишвари асосан мусалмоннишинро ғайриқонунӣ номидаанд.

XS
SM
MD
LG