Пайвандҳои дастрасӣ

Салиби Сурх фаъолияти худро дар Афғонистон боздошт


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх баъд аз ҳалокати шаш кормандаш дар ҳамлае ба корвони башардӯстона фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ кард. Ин корвон барои аҳолии минтақаҳои дурдасте, ки аз барфу баҳман осеб диданд, кӯмаки башардӯстона мебурд.

Мудири кумита Доминик Стиллҳарт ҳодисаро «бадтарин амали зидди мо» дар 20 соли охир номид. Ҳоло ҷустуҷӯи ду корманди дигари созмон идома дорад, ки шоми 8 феврал бенишон шудаанд.

«Кори мо дарвоқеъ қатъ шуд ва замоне аз сар гирифта мешавад, ки ҳодисаро таҳқиқ кунем,» -- гуфт Стиллҳарт. Вай ишора намуд, ки барномаи башардӯстонаи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Афғонистон аз лиҳози ҳаҷм дар ҷаҳон дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Пештар низ созмон ҳушдор медод, ки масъалаҳои рӯзафзуни амниятӣ расондани ёриҳои башариро дар ин кишвар бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Раиси вилояти Ҷузҷон изҳор дошт, ки ин ҳамла эҳтимолан аз тарафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ба вуқӯъ омада бошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG