Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷанги" сафирони Украина ва Русия дар Қирғизистон


Сафирони Украина ва Русия дар Қирғизистон даргири як ҷанги иттилоотӣ шуданд. Як рӯз баъди дидори сафири украин Николай Дорошенко бо хабарнигорон, сафири Русия Андрея Крутко ҳамтои украини худро ба нақзи ахлоқи дипломатӣ айбдор кард.

Сафири Русия дар Қирғизистон дар матлаби торнамои Vesti.kg зери унвони «Сафири Украина рӯзноманигорони қирғизро ба низоъ бо Русия таҳрик медиҳад?» ҳамчунин ба вазъи Авдеевка, рустое дар моварои ҷангҳои Шарқи Украина, дахл намуда, мақомоти украинро ба иғвогарӣ муттаҳам намуд.

Сафири Украина дар Қирғизистон фавран посух дода, Русияро масъули дахолат дар умури кишвараш номид. Вай ҳамзамон ҳамтои руси худ ва расонаҳои ҳамагонии Русияро "дурӯғгӯ ва саҳнасоз" унвон кард.

Яке аз ширкаткунандагони мулоқот бо Николай Дорошенко, бунёдгузори рӯзномаи «Республика» ва сафири пешини Қирғизистон дар ИМА Замира Сиддиқова гуфт, ин дидор танҳо ба хотири дарёфти иттилоъ созмон ёфта буд ва он ҳам дар ҳоле ки расонаҳои ахбори оми Русия иттилои якҷониба паҳн мекунанд. Вазири пешини умури хориҷии Қирғизистон Аликбек Ҷекшенқулов гуфт, сафирон аз рӯи вазифаашон масъуланд, ки аз манфиати кишварҳои худ дифоъ кунанд, аммо мақомот ва матбуоти Қирғизистон дар чунин мавридҳо бояд бетараф монанд.

XS
SM
MD
LG