Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Маҷлиси Намояндагони Чех ба Тоҷикистон меояд


Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Ҳамачек. Прага, моҳи декабри 2016
Эмомалӣ Раҳмон бо Ян Ҳамачек. Прага, моҳи декабри 2016

Ян Ҳамачек – раиси Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Чех – дар раъси як ҳайат ба Тоҷикистон хоҳад омад. Дар Вазорати умури хориҷии кишвар гуфтанд, ки сафари ӯ аз 10 то 12 феврал идома мекунад. Мақомоти Ҷумҳурии Чех ҳам бо тасдиқи сафари Ян Ҳамачек гуфтанд, ӯ рӯзи ҷумъа бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, бо раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров низ дидор хоҳад дошт. "Аммо дар мавриди имзои кадом санад маълумоте нест", - гуфтанд онҳо. Ба қавли мақомҳои чехӣ, ҳамроҳи Ян Ҳамачек 25 намояндаи ширкатҳои ин кишвар низ дар Душанбе дар ҳамоиши соҳибкорон иштирок мекунанд. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷумҳурии Чех моҳи июни соли 1992 барқарор шудааст. Вале аз он замон то кунун сафоратхонаи кишварҳо бевосита дар пойтахтҳои ду кишвар боз нашудааст. Феълан сафири Тоҷикистон дар Олмон ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Ҷумҳурии Чех аст.

XS
SM
MD
LG